Публикации

  Автор: Джамшед Куддусов-Препятствия в сфере образования  взрослых/ неформального образованиядля  женщин и девочек в Таджикистане

  Автор Д.Куддусов – ИИЦ «Соцсервис»-Перспективы развития ОбразованияВзрослых в Таджикистане"Рабочая версия документ"

    Омўхтан таќозои њаёт аст

Солњои охир дар кишвар масъалаи тањсилоти калонсолон мавриди бањсу баррасињо ва тадбирандешињои зиёде гаштааст. Зеро омўзиш ва бозомўзии њамешагии калонсолон, ва умуман бигўем, инсон, таќозои зиндагии имрўзу фардост.

Айни њол, барои мо муњимтар аз њама, рушди таълими касбии шањрвандон аст, ки аз масъалаи афзалиятноки  миллї мањсуб меёбад, зеро омўзиш ва бозомўзии касбї яке аз омилњои муассир дар танзими масъалаи шуѓли ањолист. Натиљаи таваљљуњи зарурї ба ин бахш аст, ки танњо соли 2016 дар муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї ва таълими калонсолони Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии ЉТ 105 њазору 815 нафар шањрванд ба касбомўзї фаро гирифта шуданд.

Тобистон ман бо маќсади ошної бо фаъолияти КВД «Маркази таълимии шањри Хуљанд» ба ин њунаргоњ омадам. Огоњ шудам, ки он рўзњо дар курсњои кўтоњмуддати ин љо ба шањрвандони аз 15 то 52 – сола, аз љумла мактабиёни синфњои болої аз рўи 23 намуди ихтисос касбњои коргарї меомўзондаанд. Инњо, бояд таъкид кард,  ихтисосњое, ки дар бозори мењнат талабот доранд. Дар марказ малакаву мањорати соњибкасбонеро, ки њуљљати тасдиќкунандаи касби азхудкардаашонро надоранд, санљида, барои такмили ихтисосашон ва гирифтани шањодатномаи намунаи давлатї ба забонњои русї ва тољикї (шањодатномакунонии малакаи касбї) ёрї мерасонанд.

Бояд гуфт, дар омўзиши касбиву тањсилоти шањрвандии калонсолон ташкилотњои љамъиятии кишвар, аз љумла онњое, ки дар вилояти Суѓд фаъолият доранд, низ сањми назаррас мегузоранд. «Барномањои мо асосан барои тавоноии бонувон амал мекунанд, - мегўяд роњбари ТЉ «Насли нав» Мухбира Тюряева. –Дар тўли чанд соли охир курсњои кўтоњмуддати таълимии моро дар ноњияи Бобољон Ѓафуров беш аз 3000 нафар занону духтарон хатм карданд. Дар доираи лоињањое, ки амалї мегардонем, њамчунин солона ба њисоби миёна 450 нафар занону духтарони дењот курсњои гуногуни њунаромўзиро хатм карда бо коре машѓул мешаванд, асосњои соњибкориро меомўзанд».

Солњои охир ТЉ «Саодат» бо роњбарии Манзура Султонова дар вилояти Суѓд ва минтаќањои дигари кишвар маъракаи васеи таълимиро оид ба омўзиши усулњои кишоварзии органикї дар байни роњбарони хољагињои дењќонї ташкил кардааст, дар доираи ислоњоти соњаи кишоварзї дар мавзўъњои марбут ба ташкили кори хољагињо барои дењќонон тренингњо гузаронидааст. Пайваста дар мавзўи решакан намудани хушунат дар љомеа ва њифзи њуќуќи занону кўдакон омўзишњову семинарњо доир мекунад.

Ин ду созмони љамъиятї аъзои Иттињодияи љамъиятии «Ассотсиатсияи тањсилоти калонсолони Тољикистон (АТКТ) мебошанд, ки соли 2017 10 - солагии таъсис ёфтани худро таљлил мекунад. Ассотсиатсия шомили 17 ташкилоти љамъиятии пурќувват ва устувор аст, ки дар самтњои гуногуни тањсилоти калонсолон тариќи ба онњо расондани хизматњои машваратї, иттилоотї, маърифатї ва дигар хизматрасонї кор мебаранд.

Маќсади АТКТ фароњам овардани шароит ва имкониятњо барои ањолии калонсоли Љумњурии Тољикистон дар баланд бардоштани сатњи маълумоти худ тавассути тањсилоти касбї, шањрвандї ва намудњои дигари тањсилот дар доираи омўзиши расмї, ѓайрирасмї ва мустаќил (озод, информалї) бо назардошти талаботи бозори мењнат ва афзоиши минбаъдаи даромади хонаводањо, инчунин рушди нињодии ташкилотњои љамъиятї – аъзои АТКТ мебошад.

Баргузории конфронсњо оид ба проблемаи тањсилоти калонсолон, нашри маљаллаи (солномаи)  «Тањсилоти калонсолон дар Тољикистон» ба забонњои русї ва тољикї, баргузории Њафтањои тањсилоти калонсолон дар миќёси љумњурї, чорабинии анъанавии «Шомњои Душанбе» бо иштироки намояндагони сохторњои давлатї ва ташкилотњои љамъиятї ва ин љо дар муњити  ѓайрирасмї баррасї намудани  проблемањои муњими бахши тањсилоти калонсолон ва дурнамои рушди он дар манотиќи гуногуни кишвар, аз љумлаи фаъолиятњои Ассотсиатсия мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди омода ва таҳия намудани лоињаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тањсилоти калонсолон», ки алњол дар баррасии Маљлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ќарор дорад, АТКТ низ ширкати бевосита дошт.

Бо маќсади пањн намудани идеяњои тањсилоти калонсолон дар доираи амалишавии Њадафњои рушди Устувор  2030, хоса  Њадафи 4 –ум бо  унвони   «Таъмини тањсилоти босифати фарогирандаву одилона ва мусоидат   барои имконоти  омўзиш дар тўли њаёт барои њама», АТКТ ба наздикї конфронси сеюми илмию амалиро дар мавзўи «Тањсилоти калонсолон дар Тољикистон дар ќаринаи Њадафњои  рушди устувор 2030» баргузор намуд. Ин чорабинии муњим дар њамкорї бо Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии ЉТ ва бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тољикистон (Институти њамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоњњои халќии Олмон) имконпазир гардид. Дар конфронс вазъи кунунии соњаи тањсилоти калонсолон дар Тољикистон, мушкилот ва дурнамои рушди он баррасї гардиданд,  оид ба  пешрафти ин низом фикру аќидањои муњим пешнињод шуданд. Мунтазам ва васеъ истифода намудани имкониятњои ВАО барои пешбурди ѓояњои тањсилоти калонсолон дар Тољикистон аз љумлаи ин  пешнињодњост.

Воќеан њам имрўз васоити ахбори омма асосан бо расонидани иттилое дар бораи чорабинињои дар соњаи тањсилоти калонсолон баргузоршуда иктифо мекунанд. Вазъи тањсилоти калонсолон, аз тањсилоти касбї сар карда то намудњои дигари он (масалан, тањсилоти фарогир – иклюзивї, ѓайрирасмї, мустаќил ва ѓ.), фикр мекунам,  њар яке бояд дар алоњидагї дар ВАО пайваста мавриди тањлил, бањсу баррасї ќарор гиранд. Зеро тарѓиби идеяи тањсилоти калонсолон, мусоидат ба дастрасии баробар доштани њамаи мардум ба тањсилоти гуногуни босифат дар тўли њама умр, вазифаи мо, журналистон, низ аст.

 Зарур аст, ки мо, кормандони васоити ахбори омма, бо нињодњои давлативу љамъиятие, ки ташкил ва кори муназзами њамаи намуди тањсилоти калонсолонро бар дўш доранд, њамкориро мустањкам намуда, бо инъикоси  њарчи бештари дастовардњову мушкилоти ин соња, дар рушду пешрафти он сањми баарзиш гузорем.

                                                                                       Талъат Нигорї,

                                               узви Иттифоќи журналистони Тољикистон

Маќола бо мусоидати Намояндагии DVV International дар Тољикистон (Институти њамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоњњои халќии Олмон) омода шудааст.

Рўзномаи «Њаќиќати Суѓд», 12 январи с. 2017



садои мардум

Такмили касб зарурияти доими 1

Такмили касб зарурияти доими 

журнал-2016

журнал-2015

Журнал-2014

Вечера образования взрослых

- в Худжанде

    

                      

 

- в Душанбе